Суғуртаи ихтиерии масъулияти автогражданӣ
Муҳофизати иловагӣ аз хароҷоти калон дар роҳ!
СИМАГ (суғуртаи ихтиерии масъулияти автогражданӣ) — ин намуди суғурта ба шумо имкон медиҳад, ки лимити пардохтҳоро аз рӯи суғуртаи ҳатмии масъулияти шахсони нақлиёти автомобилӣ хангоми рух додани садама зиёд намояд.
Ғояи асоси ин аст, ки агар воситаи нақлиети суғурташудаи мизоҷ ба шахсони сеюм (бо айби мизоҷ) зарар расонад, пас ташкилоти суғуртавӣ зарари ронандаи суғурташударо ба шахси сеюми зарардида ҷуброн мекунад.
Арзиши суғуртаи ихтиерии масъулияти автогражданӣ аз лимити интихобшудаи пардохт ва мӯҳлати суғурта вобаста аст.
Хавфҳои суғурта:
- Зарари ба ҳает ва саломатии шахсони сеюм расонидашуда аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиети суғурташуда.
- Зарар ба амволи шахсони сеюм, ки аз ҷониби ронандаи воситаи нақлиети суғурташуда расонида шудааст
Афзалиятҳо:
- Имконияти интихоби лимити зарурии пардохт.
- Шартҳои муфиди суғурта.
- Муҳофизат аз талафоти калони молиявӣ дар ҳолати садама.