Суғуртаи масъулият
Муҳофизати боэътимод барои шумо ва тиҷорати шумо!
Суғуртаи масъулияти гражданӣ дар назди шахсони сеюм
Ин намуди маъмултарини суғуртаи масъулият мебошад, ки зарари ба шахсони сеюм дар натиҷаи амалҳои нохохиши суғурташаванда расидаро мепушонад. Масалан, дар сурати зарар дидани саломатӣ, зарар дидани молу мулк ва ё вайрон кардани уҳдадориҳои шартномавӣ.
Суғуртаи масъулияти касбӣ
Ин намуди суғурта барои мутахассисоне пешбинӣ шудааст, ки фаъолияти онҳо бо зиёд шудани хатари даъво аз мизоҷон ё пудратчиён алоқаманд аст. Ба чунин мутахассисон табибон, ҳуқуқшиносон, меъморон, аудиторҳо ва ғайра дохил мешаванд.
Суғуртаи масъулияти истеҳсолкунандаи мол
Ин намуди суғурта истеҳсолкунандаи молро аз даъвоҳои вобаста ба номувофиқии маҳсулот ба стандартҳои муқарраршудаи сифат е маълумоти нодурусти истеъмолкунандагон дар бораи хосиятҳои мол муҳофизат мекунад.
Манфиятҳо:
- Суғуртаи масъулият ба шумо имкон медиҳад, ки зарари ба шахси сеюм расонидашударо ҷуброн кунед ва ба ин роҳ аз талафоти зиёди молиявӣ пешгирӣ кунед.
- Кам кардани хавфҳо ва афзоиши эътимод ба тиҷорат.
- Доштани полиси суғуртаи масъулият эътимоднокӣ ва масъулияти ширкатро дар назди мизоҷон ва шарикони худ нишон медиҳад, ки ба таҳкими робитаҳои корӣ ва тавсеаи пойгоҳи муштариен мусоидат мекунад.