Суғуртаи ихтиерии тиббӣ

Муносибати маҷмӯии нигоҳубини саломатии шумо!

Барномаи суғуртаи ихтиерии тиббӣ ба ҷуброни хароҷоти тиббӣ ба кормандони суғурташуда дар ҳолати зарурӣ барои гирифтани хизматрасониҳои тиббӣ равона карда шудааст. Дар сурати ба муассисаи табобатӣ муроҷиат кардани шахси суғурташуда, ширкати суғуртавии "Такаффул" ё расонидани ёрии тиббиро тавассути клиникаҳои шарикӣ ташкил мекунад ё хароҷотеро, ки корманд ҳангоми мустақилона муроҷиат кардан ба хизматрасониҳои тиббӣ сарф кардааст, ҷуброн мекунад.

Барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ метавонад намудҳои зерини ёрии тиббиро дар бар гирад:

  1. Табобати амбулаторӣ 
  2. Табобати статсионарӣ 
  3. Таъмини доруворӣ 
  4. Дандонпизишкӣ 
  5. Ҳомиладорӣ ва таваллуд 
  6. Муоинаи профилактикӣ

Манфиятҳо:

Бартарии асосии суғуртаи ихтиёрии тиббӣ дар он аст, ки корманди суғурташуда ба доираи васеи хизматрасониҳои тиббӣ дастрасӣ пайдо карда, инчунин метавонад аз интизории тӯлонӣ дар навбатдорӣ канорагирӣ кунад ва дар клиникаҳои хусусӣ саривақт табобат гирад.

Марказҳои тиббӣ ва клиникаҳо:

Клиникаҳо ва лабораторияҳо

  • Клиникаи «Ибни Сино» дар ш. Душанбе
  • Маркази тиббии «Шифо» дар ш. Душанбе
  • Маркази ташхиси «Нурафзо»
  • Лаборатория «Гемотест»
  • Маркази тиббии «Диамед» 
  • Лабораторияи «Ахват» дар ш. Душанбе
  • Клиникаи "Луқмони Ҳаким" дар ш. Хуҷанд
  • Маркази табобатию ташхисӣ "Яъсуб" дар ш. Хуҷанд
  • Клиникаи "Акси Шифо" дар ш. Бохтар
  • Беморхонаи давлатӣ «Истиклол» дар ш. Душанбе
  • Маркази миллии ташхисии Душанбе
  • Клиникаи «Мармед» дар ш. Хуҷанд

Дармонгоҳи дандонпизишкӣ

  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «Smile»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «Виодент»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «ОРОМ»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «Family Dent»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «Винир»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ «ИГНЭС»
  • Дармонгоҳи дандонпизишкӣ«Садаф»

Дорухонаҳо

  • Интернет дорухонаи «Саломат»
  • Дорухонаи «Фито-Фарма»