Суғуртаи бор
Кафолати бехатарии борҳои шумо!
Суғуртаи бор барои муҳофизат аз хатарҳои гум шудан, дуздӣ ё вайроншавӣ пешбинӣ шудааст. Бастани шартномаи суғуртаи бор имкон медиҳад, ки талафоти вобаста ба вазъи номусоиди ҳангоми ҷараени интиқол ба вуҷудомада зуд ҷуброн карда, фаъолияти шабакаи тақсимотро саривақт аз сар бардоред ва ҳам манфиати худ ва ҳам манфиати шарикони тиҷоратӣ ҳифз намоед. Ин маҳсулоти суғуртавӣ ҳифзи оптималии суғуртаи ҳама гуна борҳое мебошад, ки тавассути нақлиети автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавопаймоӣ, баҳрӣ ва дареӣ дар саросари ҷаҳон интиқол дода мешаванд.
Барномаҳои суғуртаи бор:
- Барномаи А: «бо масъулият барои ҳама хатарҳо» - фарогирии пурра;
- Барномаи В: «бо масъулият барои талафоти умумӣ ва зиён» – фарогирии маҳдудтар, ба истиснои хатарҳои марбут ба амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм;
- «Барномаи С: «бе масъулият барои зарар, ба истиснои ҳолатҳои суқути ҳавопаймо» фарогирии ҳадди ақал мебошад, ки на танҳо хатарҳои марбут ба амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, балки зарари борро бо ҳама гуна сабабҳо истисно мекунад, ба истиснои зарари бор дар натиҷаи садама ё бархӯрди воситаҳои нақлиёт.
Суғуртаи бор манфиатҳои зеринро дарбар мегирад:
- Муҳофизат аз талафоти молиявӣ: суғуртаи бор ҷуброни зарари вобаста ба осеб, талафот е таъхири борро кафолат медиҳад.
- Муносибати инфиродӣ: ширкати мо барномаҳои гуногуни суғуртаро пешниҳод мекунад, ки хусусиятҳои моли шумо ва шароити интиқоли онро ба назар мегиранд.
- Тағйирпазирии шартҳо: шумо метавонед мӯҳлати оптималии суғурта, андозаи мукофотҳо ва имконоти иловагӣ, ба монанди суғуртаи масъулияти интиқолдиҳандаро интихоб кунед.
- Эътимоднокӣ: ширкати мо дар соҳаи суғуртаи бор таҷрибаи зиед дорад ва дар сурати пайдо шудани мушкилот метавонад кӯмаки касбӣ пешниҳод кунад.
Суғуртаи сафаркунандагон:
- бемории ногаҳонии Суғурташуда;
- ҳосисаи нохуш бо шахси Суғурташуда;
- марги Шахси Суғурташуда дар натиҷаи ҳосисаи нохуш.
- барои эвакуатсияи тиббӣ;
- барои интиқоли шахсони ҳамроҳбуда;
- барои баргардонидани кӯдакони ноболиғ;
- ба аедати хешовандони наздик барои нигоҳубини шахси Суғурташуда ҳангоми бистарӣ шудан;
- ба чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ;
- барои дафн дар кишвари муваққатӣ;
- интиқол е бозгашт ба Ватан дар ҳолати беморӣ ё ҳодисаи нохуш.
Мо полиси байналмилалии суғуртаи шахсони ба хориҷа сафаркунандаро пешниҳод менамоем, ки онро ширкати хизматрасонии Mideast Assistance international group дастгирӣ мекунад. Полис ташкил ва пардохти ерии тиббиро дар ҳар як кишвари ҷаҳон 24 соат дар як шабонарӯз бо бемории ногаҳонӣ е садама ҳангоми сафари дар хориҷа кафолат медиҳад.
Хавфҳои суғуртавӣ ҳангоми сафар инҳоянд:
Хароҷоти полиси суғуртавӣ:
1. Барои хизматрасониҳои тиббӣ, аз ҷумла ёрии дандонпизишк.
2. Барои хизматрасониҳои тиббӣ-нақлиетӣ ва дигар хизматрасониҳо, аз ҷумла:
3. Расонидани паемҳои таъҷилӣ - Дар сурати дархости ёрии таъҷилӣ, Ташкилот ба оила ё ҳамкорони шумо дар бораи ҳама гуна чораҳои андешидашуда барои расонидани кӯмаки зарурӣ паемҳои таъҷилӣ мерасонад.
Барои интихоби барномаи оптималии суғуртаи бор, шумо бояд хусусиятҳои мол, масири нақлиет, намудҳои нақлиет ва дигар омилҳоро ба назар гиред. Тавсия дода мешавад, ки ба мутахассисони суғурта муроҷиат кунед, то машварати тахассусӣ гиред ва полиси суғуртаи борро ба расмият дароред.