Суғуртаи ихтиерии ҷавобгарии директорон ва роҳбарони дигари мақомоти иҷроия (D&O)

Мансаб ва обрӯи худро аз даъвоҳо муҳофизат кунед!

D&O — ин суғуртаи масъулияти директорон ва шахсони мансабдор дар назди соҳибони ширкат, саҳмдорон ва шахсони сеюм дар сурати даъво дар бораи ҷуброни зарар мебошад. Суғурта на танҳо зарари аз қарорҳои нодурусти идоракунӣ расонидашуда, балки хароҷоти марбутаро ҷуброн мекунад.

Масъулияти шахсии роҳбарони ширкатҳо барои қарорҳои қабулшуда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Суғурта хароҷоти директорон ва роҳбаронро, ки бо сабаби хатогиҳояшон ба онҳо даъво мекунанд, ҷуброн мекунад. Агар ширкат хароҷотро ба директорон ва роҳбарон ҷуброн карда бошад, ширкат низ метавонад ҷуброн карда шавад.

Суғурта ҷуброн мекунад:

  • • Зарари расонидашуда ба андозаи муқаррарнамудаи қарори суд

  • • Зарари расонидашуда ба андозаи муқаррарнамудаи ҳисоббаробаркунии ғайрисудӣ

  • • Хароҷоти ҳимояи ҳуқуқӣ ва хароҷоти судӣ