Суғуртаи молу мулк

Чаро ин суғурта лозим аст?

Ҳар як шахс кӯшиш мекунад, ки бехатарии амволи худро таъмин намояд, зеро барои бисёриҳо хона на танҳо фазои шахсӣ, балки рамзи субот, гармӣ ва роҳат аст. Аммо, ҳатто дар ҷаҳони муосир, хона ва амвол ба хатарҳои зиед дучор мешаванд. Азбаски амвол арзон нест, роҳи аз ҳама самараноки муҳофизат кардани худ аз хароҷоти ғайричашмдошт ин гирифтани полиси суғуртаи молу мулк мебошад.

Кадом хатарҳо пӯшонида мешаванд?

  • Сӯхтор: Муҳофизат аз зарари оташ ва воситаҳои оташхомӯшкунӣ.
  • Обрезӣ: Ҷуброни зарар аз садамаҳои қубрҳои обгузар ва обрезӣ аз манзилҳои ҳамсоя.
  • Офатҳои табиӣ: Зарар аз тӯфонҳо, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ.
  • Амалҳои ғайриқонунӣ: Муҳофизат аз қасдан нобуд кардан е вайрон кардани амвол.
  • Дуздӣ, ғоратгарӣ: Ҷуброн барои дуздии амволи арзишманд.
  • Масъулияти гражданӣ: Пӯшонидани зарар ба ҳамсоягон аз ҳолатҳои ғайричашмдошт, ба монанди сӯхтор е обрезӣ.

Чиро суғурта кардан мумкин аст?

  • Ороиши дохилӣ ва таҷҳизоти муҳандисӣ. 
  • Молу мулки манқул: мебел, асбобҳои рӯзгор, либос ва дигар ашёи шахсӣ. 
  • Ҷавобгарии шаҳрвандӣ: ҳимоя аз даъвоҳои шахсони сеюм. 
  • Унсурҳои сохторӣ: аз ҷумла шишабандӣ.

Ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ чӣ бояд кард?

    Барои гузаронидани тафтишот фавран ҳодисаро ба хадамоти дахлдор хабар диҳед:
  • Хоҷагии манзилию коммуналӣ
  • Қисми оташнишонӣ (дар ҳолати сӯхтор)
  • Хадамоти газ
  • Ёрии таъҷилии тиббӣ
  • Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (ВКД)
  • Барои пешгирии афзоиши зарар ба амволи худ ва ҳамсоягон тамоми чораҳои имконпазирро андешед.

    Бо ташкилоти суғуртавии "Такаффул" бо рақами (+992 44) 610-00-88 занг занед ва намояндаи ширкатро даъват намоед.

    Ба ҳамсоягон дар бораи зарурати азназаргузаронии амволи суғурташуда аз ҷониби намояндаи ширкат хабар диҳед. Бо онҳо имкони нигоҳ доштани молу мулки вайроншуда ва тасвири ҳодисаро пеш аз санҷиш мувофиқа кунед.

    Агар ҷабрдида нисбати шумо даъвои судӣ пешниҳод карда бошад, фавран ба Суғуртакунанда дар ин бора хабар диҳед. Бе розигии пешакии ширкати мо дар суд ягон изҳорот надиҳед.