Ҳамасола 15 март дар Тоҷикистон Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мешавад, ки ин сана ба мо аҳамияти таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба гирифтани молу хидматҳои босифатро хотиррасон мекунад. Ин рӯз ҳамчун ёдоварӣ аз зарурати ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба бехатарӣ, иттилоот ва озодии интихоб хизмат мекунад.
Рӯзи хифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соли 1983 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд ва аз он замон як марҳилаи муҳим дар мубориза барои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар саросари ҷаҳон гардид.
Яке аз соҳаҳое, ки барои ҳифзи истеъмолкунандагон махсусан муҳим аст, ин суғурта мебошад. Фаъолияти суғуртавӣ бевосита ба манфиат ва амнияти шахрвандон алокаманд аст, зеро устувории молиявӣ ва ҳифзи хавфе, ки истеъмолкунандагон дар ҳаёти ҳаррӯза метавонанд дучор шаванд, аз сифати дурусти суғурта вобаста аст.
Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» дар соҳаи ҳифзи истеъмолкунандагони Тоҷикистон фаъолият намуда, маҳсулоти суғуртавии баландсифат ва боэътимодро пешниҳод менамояд. Ташкилот ба мизоҷони худ хизматрасонии дараҷаи баланд, риояи тамоми ӯҳдадориҳои шартномавӣ ва шаффофияти пурраи хизматҳои худро кафолат медиҳад.
Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» ба таъмини он, ки ҳар як муштарӣ ба осонӣ дар бораи маҳсулот ва шартҳои пешниҳодшуда маълумоти пурра ба даст орад, аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ин тавзеҳ додани ҳама шартҳои суғурта, возеҳии полисҳо ва набудани пардохтҳои пинҳониро дар бар мегирад. Мизоҷон метавонанд боварӣ ҳосил кунанд, ки ҳуқуқҳои онҳо поймол карда намешаванд ва онҳо дар ҳама ҳолатҳо дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Ташкилот тамоми ӯҳдадориҳои худро дар назди мизоҷони худ қатъиян риоя мекунад. Дар сурати рух додани ҳодисаи суғуртавӣ, «Такаффул» пардохти саривақтии ҷубронпулӣ ва кӯмак дар раванди бақайдгирӣ ва ҳалли ҳодисаҳои суғуртавиро кафолат медиҳад. Ин ба истеъмолкунандагон боварӣ мебахшад, ки манфиатҳои онҳо дар ҳар марҳилаи ҳамкорӣ ҳифз карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба суғурта афзоиш ефта, истеъмолкунандагон дар бораи аҳамияти ин хизматрасониҳо маълумоти бештар пайдо мекунанд. Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» дар таъмини ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар соҳаи суғурта нақши калидӣ мебозад. Фаъолияти Ташкилот ба рушди бозор ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми суғурта мусоидат мекунад.
ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВИИ «ТАКАФФУЛ» — ҲИМОЯИ МОЛИЯВИИ ШУМО!
/
Новости компании
15 март - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
13.03.2025
Бо мо тамос гиред