Ҳамкорон, шарикон ва дӯстони азиз!
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.
Аз сидқи дил ҳамаи Шуморо бо ин рӯзи Саид табрику муборакбод намуда, бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамоем.
Иди Саиди Фитр муборак бошад!
Бо мо тамос гиред