Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» соҳиби иҷозатномаи нав ва номаҳдуд гардид!
Мо бо ифтихор хабар медиҳем, ки «Такаффул» расман иҷозатномаи нави бе муҳлат барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи 22 навъи суғурта ба даст овард.
Ин як қадами муҳим дар рушди фаъолияти ташкилот мебошад, ки устуворӣ, касбият ва эътимоди мақомоти назоратиро нисбат ба фаъолияти мо нишон медиҳад.
Гирифтани иҷозатномаи номаҳдуд маънои онро дорад, ки «Такаффул» минбаъд низ омода аст, то ба муштариёни худ хидматҳои босифат ва боэътимоди суғуртавиро пешниҳод намояд ва амнияти молиявии шаҳрвандон ва тиҷоратро таъмин кунад.
Мо ба ҳамаи шарикон ва муштариёни худ барои эътимод ва дастгирии доимӣ миннатдорем!
Дар пеш — имкониятҳои нав, рушд ва боварӣ ба фардои дурахшон.
/
Новости компании
Ташкилоти суғуртавии «Такаффул» соҳиби иҷозатномаи нав ва номаҳдуд гардид!
10.10.2025
Бо мо тамос гиред